ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯМ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2022 |
АСОЗОДА Н.М. , АМИРШОЕВ Ф.С, НИЪМАТОВ М.М., . КОМИЛЗОДА Д.Қ. Дар мақола натиҷаҳои таҳқиқотҳои муассисаҳои илмӣ, дастовардҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва корҳои тарғибу ташвиқи олимони муассисаҳои илмии Академия оварда шудааст. Дар соли 2022 олимони Академия доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 5 патенту нахустпатент, 3 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ, 5 шаҳодатномаи муал- лифии ихтироот, як қарор барои гирифтани нахустпатент, 6 хабарнома барои натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ, 3 арзнома ва 24 шаҳодатномаи сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ гардиданд. Инчунин бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва ангур ноҳиябандӣ гардида, 5 навъи зироатҳои кишоварзӣ, 2 навъи дарахтони мевадиҳанда ва ангур аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул карда, бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 зоти чорво ва типи занбӯри асал тасдиқ гардид. Калимаҳои калидӣ: дастовардҳои илмӣ, патентҳо, шаҳодатномаҳо, навъҳо, дарахтони мевадиҳанда, зот ва тип, маводи биологӣ. |